Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия омори нави шахсони дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия мавҷудбударо эълон кард. Тибқи он, то моҳи ноябри соли ҷорӣ, номи беш аз 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳристи шахсони назоратшавандаи Русия қарор дорад, ки аз омори қаблӣ 30 ҳазор нафар зиёд аст.

Бори охир дар моҳи октябри соли 2024 мақомоти кишвари мо гуфта буданд, ки зиёда аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар "рӯйхати сиёҳ"-и Русия қарор доранд. Баъди ин, чандин бор аз муҳоҷирон талаб карданд, ки ҳузури худро дар ин кишвар қонунӣ ва номашонро дар ин рӯйхат берун кунанд. Вале бо гузашти беш аз 1 сол дар бораи омори нав иттилое нашр накарда буданд.

Дар ин рӯйхат онҳое сабт шудаанд, ки дар қаламрави Русия ягон қонуншиканӣ кардаанд. Аз напардохтани пули телефон то  риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳу ҳзир нашудан ба идораҳои давлатӣ бо вуҷуди даъватҳои батакрор.

Феҳристи шахсони таҳти назорати Русия аз 5-уми феврали соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт. Мақомоти Русия то 10-уми снетбяр ба муҳоҷирон вақт доданд, ки ҳузури худро қонунӣ кунанд ва худро аз ин феҳрист берун кунанд

ВКД-и Русия моҳи сентябр иттилоъ дода буд, ки то 1-уми сентябр дар феҳристи шахсони зери назорати Русия тақрибан 770 ҳазор нафар сабт шудаанд, ки сеяки онҳо занону кӯдакон мебошанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷироне, ки шомили феҳристи афроди таҳти назорат мешаванд, наметавонанд бе иҷозати мақомоти корҳои дохилӣ ҷои истиқомат ва будубоши худро иваз кунанд, берун аз ҳудуди иқомат сафар кунанд, воситаҳои нақлиётро идора кунанд, амвол харанд, баъзе амалиёти бонкиро анҷом диҳанд.

Ҳанӯз рӯзҳои аввали эълони ин феҳрист даҳҳо муҳоҷир шикоят карда буданд, ки номи онҳоро иштибоҳан ба ин рӯйхат ворид кардаанд ва гуфта мешуд, ки бештари ин афрод аз қарор доштани худ дар “рӯйхати сиёҳ” тавассути паёмҳои бонкҳо дар бораи масдуд шудани суратҳисобашон огоҳ шудаанд.

Барои санҷидани номи худ дар феҳристи шахсони назоратшавандаи Русия, ба пайванд https://гувм.мвд.рф/rkl ворид шуда, ному насаб (бо забони русӣ), санаи таваллуд, шаҳвандии кадом кишвар буданро бояд ворид кард.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират мегӯяд, дар ҳолати номи худро дар ин рӯйхат пайдо кардан бояд ба шуъбаҳои ноҳиявии Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Русия барои додани ариза муроҷиат кард ва ё дар муҳлати муайянгардида Русияро тарк кард.

Дар бораи “рӯйхати сиёҳ”-и Русия ва берун кардани номи худ аз он дар ин матлаб шинос шавед: “Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.