Сокинони Тоҷикистон дар Соли нав 4 рӯз ва дар Наврӯз 9 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд. Дар ин бора қарори ҳукумати кишвар қабул шудааст.
Тибқи қарори ҳукумат дар бораи гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба рӯзҳои корӣ, ки 25-уми декабр қабул шуд, ҷумъаи 2 - юми январ истироҳатӣ буда, ба ҷои он шанбеи 10-уми январ корӣ аст. Ҳамин тариқ, сокинони Тоҷикистон 1, 2, 3 ва 4-уми январ истироҳат мекунанд ва 5-уми январ ба кор мебароянд.
Инчунин мувофиқи қарори Вазорати маориф ва илм, хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 7 январ ба таътили зимистона мебароянд.
Ҳамзамон, тибқи қарори ҳукумат сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯз дар маҷмӯъ, 9 рӯз истироҳат мекунанд: сокинон рӯзи шанбеи 14-уми март кор мекунанд ва ба ҷои он рӯзи ҷумъаи 27-уми март истироҳат хоҳанд кард.
Ҳамин тариқ, рӯзҳои истироҳат дар ҷашни Наврӯз аз 21 то 29 март идома мекунад:
- аз 21 то 24 –уми март - рӯзҳои истироҳати қонунӣ барои ҷашни Наврӯз.
- Азбаски 21 ва 22-юми март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост меояд, 25 ва 26 март мутаносибан рӯзҳои истироҳатӣ хоҳанд буд. Чунки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки агар рӯзҳои ид ё ҷашн ба рӯзҳои истироҳатӣ (шанбе ва якшанбе) рост оянд, рӯзҳои баъди он ҳам истироҳатӣ мешавад.
- Аз сабаби интиқоли рӯзи кории ҷумъаи 27-уми март ба шанбеи 14-уми март, рӯзи 27-ум ҳам истироҳат хоҳад буд.
- 28 ва 29-уми март шанбе ва якшанбе хоҳанд буд, ки истироҳатӣ аст.
Ин тағйирот ба ҳамаи кормандон дахл доранд ва барои беҳтар кардани ҷадвали корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷашнгирӣ ва истироҳати сокинон равона шудаааст.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста