Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29-уми декабр, дар маҷлиси ҳукумат супориш додаааст, ки тарифҳо (таърифаҳо)-и нави барқу гармӣ аз 1-уми феврали соли 2026 ҷорӣ карда шавад”.
Дар маҷлиси ҳукумат, лоиҳаи Қарори ҳукумат “Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ” баррасӣ ва қабул шудааст.
“Лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявию иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таҳия ва пешниҳод гардидааст”, - навиштааст хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Мақомоти расман дар бораи то чанд дарсад боло рафтани нархи барқу гармӣ иттилоъ надодаанд.
Як манбаъ аз “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “пешниҳод шудааст, ки нархи барқ ва гармӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳо 17 дарсад боло бурда шавад”. Ӯ таъкид кард, ки танҳо пас аз қабури қарори ниҳоӣ маълумотро пурра пешниҳод хоҳанд кард.
Дар сурати 17 дарсад боло рафтани нархи барқ арзиши ҳар киловат барқ барои аҳолӣ аз 35,36 дирам ба 41,37 дирам боло бурда мешавад.
Арзиши гармӣ бошад, барои аҳолӣ аз 1,18 дирам то 1,38 дирам боло бурда мешавад.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон бори охир моҳи апрели соли 2025 арзиши барқ зиёд карда шуд. Он вақт ҳар киловат-соат барои аҳолӣ аз 30,75 дирам ба 35,36 дирам боло бурда шуд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста