Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинонро огоҳ кардааст, ки рӯзи 22-юми январ дар шаҳри Душанбе, атрофи он ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бориши барфи шадид дар назар аст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯз дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтимоли боришоти зиёд, фаромадани тормеғ, яхбандӣ, ҷамъшавии барф ва коҳиши сатҳи биниш мавҷуд аст, ки метавонад ҳаракати мошинҳоро душвор кунад.
Ин ниҳод гуфтааст, дар ин рӯз дар пойтахт шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 7-12м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад.
Дар водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ боришоти барф дар назар буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан ҳолатҳо барф бошиддат борида, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с , дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 15-20м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9º хунук, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º хунук, рӯзона -2+3º мешавад.
Дар водиҳои вилояти Суғд ҳам барф борида, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф бошиддат мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5º хунук, рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º хунук, рӯзона 3-8º хунук мешавад.
Ҳамчунин, дар дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон барф бошиддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 17-22м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7º хунук, рӯзона -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона -3+2º мешавад.
Дар ин рӯз дар ВМКБ, ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7º хунук, рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят шабона 11-16º хунук, рӯзона 5-10º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 13-15º хунук мешавад.
Дар робита ба ин, мақомот ба шаҳрвандону ронандаҳое, ки нияти сафар тариқи роҳҳои кӯҳиро доранд, тавсия додаанд, ки дар рӯзҳои мусоидтар ба роҳ бароянд. Ҳамчунин, ба ронандаҳо маслиҳат дода шудааст, ки пеш аз сафар ҳолати роҳҳо ва пешгӯии вазъи ҳаворо мушаххас ва қоидаҳои бехатарии ҳаракатро қатъан риоя кунанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январ дар Тоҷикистон ҳаво нисбатан гарм мешавад. Бори охир ҳаво дар кишвар аз 16 то 19-уми январ якбора сард шуда, барфу борон борида буд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста