Соли 2025 танҳо тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷасади 1 ҳазору 585 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа, махсусан Русия ба кишвар оварда шудааст. Ин теъдод назар ба соли 2024-ум 430 тобут ё 37% бештар аст.
Дар ин бора дар ҳисоботи солонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зикр шудааст. Маълум нест, ки ин ҷасадҳоро аз кадом кишварҳо овардаанд. Вале ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар пайи ҳаводиси табиӣ ба ҳалокат мерасанд ва ё аз сӯи маллитгароёни рус кушта ва ҷасади онҳо ба ватан оварда мешавад.
Масъулини Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон омори интиқоли ҷасадҳо дар кулли кишварро нагуфтанд.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ навиштааст, ки дар ин муддат тариқи Фурудгоҳи байналмилали Кӯлоб 38 тобутро ба ватан овардаанд, ки дар муқоиса ба як сол пеш 24 адад камтар аст.
Маълум нест, ки дар соли гузашта теъдоди тобутҳое, ки тариқи фурудгоҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар ва аз роҳи заминӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, чӣ қадар аст.
Бояд гуфт, ҳар сол тобути даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз дигар кишварҳо ба ватан меоранд, ки аксарияти онҳо ҷасади муҳоҷирони тоҷики дар Русиябуда ҳастанд. Бештари вақт сабаби марги онҳо тасодуф дар сохтмон, беморӣ, куштор ва садама гуфта мешавад.
Аз ҷумла, ду ҳафта пеш ҷасади се узви оилаи тоҷикро, ки дар Русия аз бӯйи газ ба ҳалокат расида буданд, ба Тоҷикистон оварда дар зодгоҳашон деҳаи Шедруди ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супориданд.
Пештар аз ин пайкари хунолуди Қобилҷон Алиеви 10-соларо, ки рӯзи 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи шаҳрванди 15-солаи Русия бо корд ва бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд, ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста