Роҳи Душанбе – Чаноқ ягона масири заминӣ, ки марказро бо шимоли кишвар мепайвандад, дар пайи фаромадани тарма инак беш аз 5 соат боз баста аст. Дар ин бора Ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ хабар медиҳад.
Ин ширкат, ки барои нигоҳубини роҳ аз ронандаҳо маблағ меситонад, як соат пеш гуфт, “дар километрҳои 56 ва 71 - уми роҳи Душанбе-Чаноқ ду тармаи дигар фаромад. Ба макони зикршуда техникаҳои ширкат сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо босуръат идома дорад. Аз ин лиҳоз, ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд боқӣ мемонад”.
“Аз ронандагон хоҳишмандем, ки то нашр шудани иттилоъ оид ба кушода шудани роҳ аз сафар худдорӣ намоянд. Дар навбати худ, кормандони мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то роҳ зудтар боз шавад”, - гуфта мешавад, дар хабарномаи ин ширкат.

“IRS” аз ин пештар, хабар дода буд, ки "шаби гузашта (2 ба 3-юми феврал) то ин замон (субҳи 3-юми феврал) дар роҳи Душанбе-Чаноқ (минтақаи Варзоб) 9 тармаи хурду бузурги дигар фаромад, ки боиси маҳдуди гардидани ҳаркат дар ин масир шуд".
Қаблан, низ дар пайи фаромадани чанд тарма роҳ баста шуда буд. Аз ин пештар ҳам дар пайи боришоти барфи шадди ва фаромадани тарма қариб як шабонарӯз ҳаракати мошинҳо дар ин масир қатъ шуда буд.
Роҳи Душанбе –Чаноқ ягона роҳе аст, ки маркази кишварро бо шимол мепайвандад. Ҳамасола бо фаро расидани зимистон, дар пайи боришоти барфу фаромадани тарма, садамаҳои мудҳиш ё фуромадани сангу садамаи мошинҳои ҳомили газ ин роҳ барои муддате баста мешавад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста