Дар пайи табодули марз байни Тоҷикистон ва Қирғизитон, дар ноҳияи наздимарзии Ҷаббор Расулов 36 хонаи истиқоматии шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон ва 13 хонаи сокинони ин ноҳия ба ҷониби Қирғизистон гузашт.
Дар ин бора Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январ хабар дод. Ӯ гуфт, ки “ҳамаи шаҳрвандоне, ки хонаҳояшон ба кишври ҳамсоя гузашт, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.
“Нархи хонаҳое, ки аз мо ба кишвари ҳамсоя гузашт, аз сӯи корхонаи “Суғднархгузор” ва коммисияи ҷумҳуриявӣ маълум карда шуд. Ба ҳамон нарх, имрӯз қитъаҳои замине, ки аз ҷониби Қирғизистон ба мо гузашт, ҳисоб карда истодаем, мувофиқи он ҷубронашро пардохт мекунем. Ягон нафар сокинони ноҳия, ки қитъа заминашон ба ҳисоби Қирғизистон гузашт, зарар намебинанд, ҳамаашро мо ҳисоббаробар мекунем”-афзуд Юлдошзода.
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, ҳоло муносибати сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамсоягони қирғизи хуб аст, рафтуомаду тиҷорат ба роҳ монда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо, ки боиси даргирӣ ва қурбонии садҳо нафар аз ду ҷониб шуд, дар масъалаи баҳси мушаххасозии сарҳад ба созиш расиданд.
Рӯзи 13-уми марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.
Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳад бо Қирғизистонро дар ин пайванд хонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста