Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза - 29-30-31-уми март ба вилояти Суғд меравад. Дар ин бора як манбаъ аз шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ин вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, дар пайи ин, аз 29 то 31-уми март бархе роҳҳои мошингарди ин вилоят баста мешавад.
Ӯ гуфт, сабаби басташавии роҳҳо “таъмини бехатарии меҳмонони олиқадр” аст. Ҳамчунин, дар як эълоне, ки аз номи ин шуъба дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, гуфта мешавад, ки дар ин рӯзҳо чанд роҳи мошингарди вилоят “бо сабаби ташрифи меҳмони олиқадр” баста мешавад.
Қаблан, зери ин мафҳум сафари президент фаҳмида мешуд.
Тибқи иттилои шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар Суғд, дар пайи ин сафар чунин роҳҳо дар вилоят баста мешаванд:
29-уми март:
- роҳҳои кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Б. Ғафуров, Гагарин ва И. Сомонии шаҳри Бӯстон;
- шоҳроҳи ноҳияи Б. Ғафуров–Хуҷанд аз “Оташи абадӣ” то ФКХ, кӯчаҳои И. Сомонӣ, 25-солагии Истиқлол, С. Умаров то Пули ҷашнӣ, кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд;
30-юми март:
- шаҳри Гулистон, ҷамоати Д. Холматов то давраи Ороми ноҳияи Мастчоҳ ва роҳи Душанбе-Чаноқ;
31-уми март:
- шаҳри Исфара аз даромадгоҳи шаҳр то гардиши Шӯроб ва кӯчаҳои марказии шаҳр.
Дар робита ба ин мақомот аз ронандагону мусофирон хостаанд, ки дар рӯзҳои мазкур тариқи роҳҳои номбаршуда бе зарурат ҳаракат накунанд. Тибқи анъана, зимни сафар ба минтақаҳо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон як қатор бинову иншооти маъмуриву хидматӣ ва корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. Президент бори охир моҳи моҳи ноябри соли гузашта бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста