Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс —Чанде қабл дар Алмаато бо иштироки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаи Амударё машварати нахустин оид ба лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» собиқ ноиби нахуствазири ҷумҳурӣ ва феълан раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, яке аз намояндагони Тоҷикистон дар ин машварат Георгий Кошлаков изҳор дошт, коршиносони бонк дар бораи натиҷаҳои нахустини баҳодиҳӣ ба лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» ва идомаи фаъолияташон дар оянда дар ин самт гузориш доданд. «Мушовирони аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон кирокарда барои баргузории ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳи апрел ба кор шурӯъ карданд ва метавон гуфт, ки ин танҳо оғози фаъолият аст», - таъкид кард ӯ.
Ба қавли мавсуф, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Ӯзбекистон дар машварат боз дар бораи аз ҷиҳати зилзила хатарнок будани қаламрави сохтмони сарбанд, таъсири манфии нерӯгоҳ ба вазъи экологии минтақа ва дигар масоиле, ки борҳо гуфтаанд, ҳарф задаанд, вале чизи наве пешниҳод накардаанд. «Баргузории марҳилаи нави гуфтушунидҳо тахминан моҳҳои август дар шаҳри Душанбе пешбинӣ мешавад», - афзуд номбурда.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста