Аввали моҳи майи соли равон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи нави коркарди ашёи хоми чорво (пӯст) мавриди истифода қарор мегирад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, корхона бо иқтидори истеҳсолии коркарди 150 ҳазор пӯст дар як сол то маҳсулоти ниҳоӣ таъсис ёфта, аз ҷониби корхонаи муштараки «Тоҷик-Хуа-Ши Тай»-и Тоҷикистону Чин бунёд мешавад.
Ба иттилои манбаъ, барои фаъолияти корхона ба маблағи 60 ҳазор доллари ИМА аз Чин таҷҳизот харидорӣ шуда, айни замон васлу насби онҳо идома дорад.
Зимнан зикр гардид, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нав 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, давоми семоҳаи аввали соли 2013 аз ҷониби корхонаҳои соҳа ба миқдори ҳудуди 228 ҳазор дона пӯсти чорвои шохдори калон ва хурд коркард гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 43% бештар аст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста