Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳороти Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи тоҷир ва сармоядори Эрон Бобак Занҷонӣ дар бораи дар Тоҷикистон додани пора дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА аз рӯи ин парвандаро рад мекунад.
Дар маълумоти интишоршуда дар сомонаи БМТ дар ин робита зикр мегардад, ки дар мавриди қазияи сармоядори эронӣ Бобак Занҷонӣ, маблағҳои гумшудаи он ва дар ин кор гӯё даст доштани ҷониби Тоҷикистон, ки тайи ду соли охир дар нашрияҳои дохилию хориҷӣ бо тобишҳо нав ба нав инъикос мегарданд, Бонки миллии Тоҷикистон қотеона ин даъвои беасосро рад менамояд.
«Таваҷҷуҳ ба порае аз мусоҳибаи Амир Аббос Султонӣ аз он дарак медиҳад, ки ин даъво тахайюлот ё пиндору фикри шахсии ӯ буда, асоси воқеӣ надорад», - омадааст дар маълумоти Бонки миллӣ.
Гуфта мешавад, қаблан низ дар мавриди ташрифи гурӯҳи махсуси Бонки марказии Эрон ба Тоҷикистон ва тасдиқи ин гурӯҳ оид ба иртибот надоштани БМТ ба ин қазия дар воситаҳои ахбори омма иттилою вокуниши иловагӣ пахш шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл як қатор ВАО бо такя ба гуфтаҳои Амир Аббос Султонӣ хабар доданд, ки замоне ӯ барои сохтакории ҳуҷчатҳо ҷиҳати интиқоли маблағҳои пулии Бобаки Занҷонӣ ба яке аз муовинони раиси БМТ 3 млн. доллари ИМА маблағ пардохт кардааст.
Қобили зикр аст, ки Бобаки Занҷонӣ 30-юми декабри соли 2013 дар Эрон боздошт шуд. Ҳукуматдорони Эрон ӯро ба азхудкунии 2 млрд. 600 млн. еврои мутааллиқ ба Вазорати нафти Эрон мутттаҳам медонанд.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста