Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тӯли 11 моҳи соли равон дар шаҳри Душанбе тақрибан 63% зиёдтар манзил мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдулоев дар ин робита иттилоъ дод, ки давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2015 дар пойтахт ҳудуди 160 ҳазор метри мураббаъ манзили зист ба истифода дода шудааст.
Бино ба гуфтаи ӯ, аз майдони умумии манзилҳои мавриди истифода қароргирифта дар пойтахт ҳудуди 54 ҳазор метри мураббаъ ё 33 фоизаш аз ҷониби - соҳибкорони инфиродӣ, беш аз 53 ҳазор метри мураббаъ ё 33,5 фоизаш - ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, наздики 20 ҳазор метри мураббаъ ё 12,5 фоизаш - ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, 13,8 ҳазор метри мураббаъ ё 8,7 фоизаш - аз ҳисоби сармоягузории хориҷӣ, 11,4 ҳазор метри мураббаъ ё 7,1 фоизаш - аз ҳисоби воситаҳои аҳолӣ ва каме бештар аз 7 ҳазор метри мураббаъ ё 4,4 фоизаш - аз ҳисоби воситаҳои давлатӣ сохта шудаанд.
Раиси пойтахт таъкид дошт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар пойтахт қариб 70 ҳазор метри мураббаъ зиёдтар манзили зист ба истифода дода шудааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста