Тоҷикистон ният дорад, ки дар оянда тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва Туркманистон нерӯи барқи худро ба Эрон интиқол диҳад.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, маблағгузорӣ ба лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500кВт Роғун - Регар - Гузар - Қаракӯл - Чорҷӯ - Марв - Машҳад 166,5 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.
Аз рӯи хатсайри хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ метавон ҳадс зад, ки нерӯи барқи ба Эрон содиротмешуда яқинан аз нерӯгоҳи Роғун интиқол хоҳад ёфт, ки айни замон сохтмони ин иншоот идома дорад.
Масофиаи ин хатти интиқоли барқ тақрибан 250 километрро ташкил медиҳад. Қисмате аз ин хат, аз Марви Туркманистон то Машҳади Эрон аллакай вуҷуд дорад. Муҳлати худкифоӣ ё хароҷотбарории лоиҳа танҳо баъди таҳияи лоиҳаи арзёбии фанниву иқтисодии он маълум хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки айни замон Тоҷикистон имкон дорад, ки дар мавсими тобистон нерӯи барқи зиёдатии худро дар ҳаҷмҳои начандон зиёд ба Афғонистон ва Қирғизистон содирот намояд.
Пас аз амалисозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 Тоҷикистон ният дорад, ки дар мавсими тобистон ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистонро афзуда, ҳамчунин содироти он ба Покистонро низ ба роҳ монад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста