Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе имрӯз, 24 май намоишгоҳи дурӯзаи маҳсулоти Покистон ба кор шурӯъ кард.
Ин чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Покистон дар Қазоқистон дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва санаоти ҶТ дар доираи сафари ҳайати сершумори соҳибкорону тоҷирони ин кишвар таҳти унвони «Корвони тиҷоратии Покистон» ташкил шудааст.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои соҳаҳои саноати сабук, истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмон, доруворӣ, сарулибосу таҷҳизоти варзишӣ ва дигар маҳсулоти Покистон ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Дар доираи ин чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» ҳамчунин бахшида ба «шоҳи меваҳо»-и Покистон фестивали «Манго» низ гузаронида мешавад, ки дар ин ҷо метавон ин меваи тропикиро дастрас карда, дар бораи он маълумот пайдо намуд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Манзура Рустамова изҳор намуд, ки тайи солҳои ахир Покистон ҳаҷми савдо бо Тоҷикистонро тавсеъа бахшида, он ба афзоиши ҳаҷми муомилоти дуҷониба мусоидат кард ва агар соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Покистон ҳамагӣ 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, аллакай соли 2014 ҳаҷми он то ба 89 млн. доллари ИМА расид.
Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро тавсияи раҳбарияти кишварҳо дар бораи солҳои наздик то ба 500 млн. доллари ИМА расонидани ҳаҷми муомилоти молиро хотиррасон намуда, зикр кард, ки ноил гардидан ба ин нишондиҳандаҳо дар ояндаи наздик комилан имконпазир аст ва барои муваффақ гардидан ба ин мақсад имконоти бузурги мавҷударо истифода мебояд кард.
Дар ҳамин ҳол, пагоҳ, 25 май дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» дар доираи ин чорабинӣ форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Покистон доир гардида, ҳамчунин намоиши барномаи фарҳангӣ дар назар аст.
Буррата, рикотта, страчателла. В Душанбе открылся знаменитый ресторан «Сыроварня»
В Подмосковье задержали многодетную мать из Таджикистана, получившую сертификат на жилье
В Кыргызстане запретили использовать религиозные термины в названиях юрлиц
В МВД России предупредили о новой вредоносной рассылке в Telegram
Потребительская уверенность в Таджикистане: инфляция и колебания курса сомони снизили настроения населения в 2024 году
«Вавилон» и «Рахш Такси» стали победителями Кубка FORMULA55 памяти Александра Кирсанова
О месте силы, талантах и будущем: Почему «Азия-Плюс» остается №1 на медиарынке Таджикистана
В Таджикистане через 30 лет простоя заработала лаборатория гидравлики
В Казахстане заявили об отличии опубликованной расшифровки переговоров AZAL от записей черных ящиков
Итоги акции от «Душанбе Сити Банк» и Visa подведены: все победители объявлены
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста