Зимни иҷлосияи сеюми муколамаи Платформаи минтақавии давлати ва хусусӣ дар мавзӯи «Заминаи қонунгузорӣ дар бахши истифодаи қаъри замин» дар Душанбе муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Нигина Анварӣ изҳор дошт, ки давоми се соли наздик дар Тоҷикистон сохтмон ва мавриди истифода қарор додани як қатор корхонаҳо дар соҳаи истифодаи боигариҳои зеризаминӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, давоми солҳои 2016-2018 бунёди 2 корхонаи коркарди нафт (бо иқтидори ҳудуди 2 млн. тонна), 3 корхонаи истеҳсоли семент (бо иқтидори беш аз 3 млн. тонна), 3 корхонаи саноати кимиё, корхонаҳои коркарди металлҳои ранга (бо иқтидори 1,4 ҳазор тонна тилло), корхонаи бузурги металлургӣ (бо иқтидори 50 ҳазор тонна руҳ ва 50 ҳазор тонна сурб) ва боз 1 корхонаи металлургӣ (бо иқтидори 400 ҳазор тонна) дар назар аст.
«Бо муваффақона амалӣ сохтани ин лоиҳаҳо беш аз 4 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷалб карда мешаванд», - гуфт Анварӣ.
Ӯ қайд кард, ки тайи 9 соли ахир ба соҳаи истифодаи маъданҳои қаъри замини Тоҷикистон беш аз 765 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Нигина Анварӣ таъкид дошт, ки бо мақсади коркарди конҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли семент, рушди бахши металлургия ва ғайра ҳукумати Тоҷикистон бо сармоягузорони бузург 6 созишнома ба имзо расонидааст.
«Амалисозии сиёсати аз ҷониби ҳукумат роҳандозишуда дар саноати истихроҷ ва коркард нишон дод, ки вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти ангишт, семент ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмон метавон раҳо кард ва барои содироти онҳо замина муҳайё намуд», - афзуд номбурда.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста