Аллакай муддати 5 моҳ аст, ки тамоили болоравии нархи ғизо дар саросари ҷаҳон ба мушоҳида мерасад, аммо тӯли 4 соли ахир афзоиши нисбатан зиёди он моҳи июни имсол ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО), болоравии нархҳо ба тамоми маҳсулоти гурӯҳи ғизойӣ, ба ҷуз равғанҳои рустанӣ дахл доштааст.
Болоравии нархи қанду шакарро ба андозаи 15%-ро коршиносон ба кам шудани ҳосил дар Бразилия ба иллати боришоти шадид нисбат дода, бар ин назаранд, ки коҳиши содироти ҷуворимакка аз ин кишвар ба афзоиши нархҳо ба зироати ғалладонагӣ таъсир расонидааст ва танҳо ҳосили рекордӣ дар ИМА нисбатан устувории нархи онҳоро нигоҳ медорад.
Гуфта мешавад, коҳиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз омилҳои болоравии начандон назарраси нарх ба ин навъи маҳсулот гардид, ҳарчанд ин нишондиҳандаҳо нисбат бо соли гузашта 14% поинтаранд.
Дар ҳамин ҳол, ФАО пешгӯӣ мекунад, ки бинобар сабаби шароити мусоиди обуҳаво ва дурнамои хуби истеҳсол дар Иттиҳоди Аврупо, Русия ва ИМА моҳи июл истеҳсоли гандум зиёд мешавад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста