Фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили Дастрас», ки аз ҷониби ҳукумати шаҳри Душанбе ташкил ёфтааст, бо далели набудани саҳмгузорон суст шудааст.
Ин нуқтаро 27 июл зимни нишасти хабарии ҷамъбастӣ дар шаҳри Душанбе Расулов Ашурбег, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе баён дошт.
Расулов зикр кард, ки иқдоми корхонаи «Сохтмони манзили Дастрас», ки бо нархи арзон барои шаҳрнишинон, дар мадди аввал ба табибон, омӯзгорон ва кормандони мақомоти қудратӣ манзили дастрас месозад, дар сурати пайдо шудани саҳмгузорон ба фаъолияташ суръат мебахшад.
Ӯ афзуд, ки танҳо соли ҷорӣ аз ҷониби буҷети шаҳри Душанбе барои идома додани корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаҳои пешниҳодкардаи «Сохтмони манзили дастрас» 7 миллион сомонӣ қарзи бефоиз ҷудо шудааст. Ин маблағҳо барои сохтмони 10 бинои истиқоматии 16-18 ошёна дар ноҳияи Синои пойтахт равона шудаанд.
Бино ба иттилои Нурулло Наимов, раиси КВД «Сохтмони манзили дастрас», шумори лоиҳаҳои КВД «Сохтмони Манзили дастрас» ба 4 адад, шомили Муҳандис, Ҳувайдуллоев, Соҳилӣ, Сино расида, то имрӯз ду бинои 9-ошёна дар кӯчаи Ҳувайдуллоев, ду бинои 12-ошёнаи дигар дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ, дар маҷмӯъ иборат аз 232 ҳуҷра мавриди истифода қарор дода шудаанд. Сохтмони ду бинои 9-ошёнаи дигар дар маҳаллаи Муҳандиси ноҳияи Сино анҷом ёфта, бояд аз санҷиши комиссияи назоратӣ гузарад. Сохтмони биноҳо дар ноҳияи Синои пойтахт ҷараён доранд.
«Арзиши як метри муррабаъ дар ин манзилҳои истиқоматӣ мухталиф буда, вобаста ба ошёна аз 1800 сомонӣ то 3400 сомониро ташкил медиҳад», - афзуд номбурда.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста