Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ рӯзҳои 23-24 август форуми навбатии «Помир Инвест-2016» доир мегардад.
Тавре аз Ассотсиатсияи соҳибкорони «Милал Интер хабар доданд, чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон Барномаи баргузор намудани форумро тасдиқ кардааст.
«Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ба истифодаи имконот ва ҳаллу фасли мушкилоти ВМКБ дар бахшҳои истеҳсолот ва рушди зербинои сайёҳии минтақа аст», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, то 4 август аз соҳибкорони ВМКБ ба унвони кумитаи тадорукоти Форум ҳудуди 70 лоиҳаҳои тиҷоратӣ оид ба роҳандозӣ ва рушди истеҳсолот дар бахшҳои гуногуни иқтисоди вилоят ворид шудааст.
Дар кори Форум иштироки намояндагони сафоратхонаҳои як қатор давлатҳо, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, донорҳо, соҳибкорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар назар аст.
Созмондиҳандагони форум Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Ассотсиатсияи соҳибкорони «Милал Интер» мебошанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста