То имрӯз кишоварзони тоҷик 312 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки дар муқоиса бо соли гузашта қариб 40 ҳазор тонна зиёдтар буда, вале аз нақшаи пешбинишуда 10% камтар аст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, аз оғози мавсим дар ҷумҳурӣ 312,3 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 89,2%-и нақшаро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 39,5 ҳазор тонна бештар мебошад.
«Бинобар сабаби номусоидии обуҳаво бо супориши вазири кишоварзии ҷумҳурӣ гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки барои саривақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, бахусус пахта ҳамаҷониба тадбирҳо меандешад», - хабар медиҳад Вазорат.
Мавсими чиниши пахта дар Тоҷикистон имсол аввали моҳи сентябр, тақрибан як ҳафта дертар аз вақти маъмулӣ шурӯъ шуд.
Гуфта мешавад, имсол дар майдони умумии беш аз 162,5 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, аз ин миқдор зиёда аз 155,5 ҳазор гектар - ба вилояти Хатлон, ҳудуди 4 ,2 ҳазор гектар - ба вилояти Суғд ва беш аз 2,8 ҳазор гектар - ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меоянд. То охири сол ҷамъоварии ҳудуди 345 ҳазор тонна ҳосили пахта пешбинӣ гардида буд.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дар майдони умумии наздики 160 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии ҳудуди 390 ҳазор тонна ҳосил пешбинӣ шуда буд, вале ба кишоварзон ҷамъоварии ҳамагӣ каме бештар аз 270 ҳазор тонна пахта муяссар шуд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 99 ҳазор тонна камтар мебошад.
Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки пас аз алюминий пахта маҳсулоти дуюми содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.