Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои давраи солҳои 2016-2020-ро маъқул шуморид.

Дар барнома таъсиси ниҳоди Ваколатдор (Омбудсмен) оид ба ҳимояи ҳуқуқи тоҷирон, Агентии рушди саромоягузорӣ ва содирот, ҳамчунин Маркази амалисозии лоиҳаҳои муштараки бахши хусусӣ ва давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод, мутобиқи барнома дар шаҳрҳои Турсунзода, Хуҷанд, Хоруғ ва гузаргоҳи марзии Панҷи Поён бунёди чор марказҳои нақлиётӣ, экологӣ ва ҳамлу нақл (логистикӣ) дар назар аст.

Ғайр аз ин, дар барнома то соли 2020 ба андозаи то 10 фоиз кам кардани сатҳи ба доллар вобаста будани иқтисоди Тоҷикистон, ҳамасола муҳайё кардани на камтар аз 100 ҳазор ҷойи корӣ, се маротиба афзудани амволи ташкилотҳои қарзӣ ва то ба 44 млрд. 354 млн. сомонӣ расонидани ҳаҷми умумии онҳо ба нақша гирифта шуда, дар доираи амалисозии он шумори долонҳои транзитӣ дар кишвар зиёд карда мешаванд.

Ба қавли Давлатзод, барнома аз рӯи се сенария - пессимистӣ (ноумедона), воқеъбинона ва хушбинона амалӣ шуда, мутобиқи сенарияи аввал афзоиши ҳамасолаи ҳаҷми ММД то 3-4 фоиз поин рафта, хароҷоти иҷтимоӣ дар сатҳи имрӯза боқӣ мемонад ва ҳиссаи саноат дар ММД начандон (12,5 фоиз) афзуда, ҳиссаи бахши аграрӣ - 22 фоизро ташкил хоҳад дод.

«Дар сенарияи воқеъбинона афзоиши ҳамасолаи ҳаҷми ММД ба андозаи 6-7 фоиз ва дар сенарияи хушбинонаи амалисозии барнома - то 12 фоиз пешбинӣ шудааст», - қайд кард муовини вазир.

Дар барномаи қабулшуда афзоиши ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон ба андозаи 1,1 баробар, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот - 1,7 баробар, коҳиши воридот - 7-8 фоиз пешбинӣ шуда, сатҳи таваррум 6-7 фоиз ба нақша гирифта шудааст.