Идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон гутфшунидҳо доир ба барқарор кардани алоқа тариқи роҳи оҳан миёни кишварҳоро дар самти ҷануб идома медиҳанд. Аввали соли 2012 Ӯзбекистон роҳи оҳан аз кишвараш ба самти вилояти Хатлонро баст.
Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон ният доштанд, ки дар ҷаласаи комиссияи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикиситону Ӯзбекистон, ки ахири моҳи декабр дар Душанбе доир гардид, оид ба ин масъала тавофуқоти мушаххас ба даст оранд, вале ин масъала ба рӯзномаи ҷаласа ворид нагардидааст.
«Дар лоиҳаи протоколи ҷаласа, ки аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пешниҳод гардида буд, доир ба барқарор кардани қитъаи ӯзбекистонии роҳи оҳани Амузанг-Ғалаба масъалагузорӣ шуда буд, вале ин пешниҳод дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ баррасӣ нашуд, зеро ба лоиҳаи ниҳоии протокол ворид нагардид», - гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бо вуҷуди ин, гуфтушунидҳо бо ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди ин масъала идома дошта, ҳарчанд имрӯз байни қисмати марказӣ ва ҷануби кишвар алоқаи роҳи оҳан мавҷуд бошад ҳам, вале масофаи роҳ аз минтақаи ҷануб то марзи Ӯзбекистон тариқи Душанбе 10 маротиба зиёдтар аст.