Қурби расмии пули милии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА аз 9 сомонӣ боло рафт.

Имрӯз, 11 апрел қурби фурӯши доллари ИМА дар марказҳои мубодилаи асъор 9,02 сомонӣ зикр шуда, ҳанӯз дирӯз он ба 8,82 сомонӣ баробар буд. Ҳамин тариқ, сомонӣ дар зарфи як шабонарӯз 2,2% беқурб шуд.

Гузашта аз ин, харидории доллар ҳатто бо ҳамин қурб қариб ғайриимкон аст: аксари бонкҳо надоштани асъори хориҷии нақдро баҳона оварда, баъзеи дигар (бонкҳо бо сармояи хориҷӣ) ба як нафар танҳо 200 долларро мефурӯшанд.

Дар ин ҳолат дар бозори асъор ба истилоҳ «бозори сиёҳ» арзи вуҷуд кардааст, ки дар он тибқи баъзе маълумот, долларро метавон ба миқдори номаҳдуд аз рӯи қурби хеле баланд (аз 9,5 сомонӣ ва зиёдтар аз он барои 1 доллар) харидорӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол, Бонки милии Тоҷикистон итминон медиҳад, ки вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллӣ зери мушоҳида ва назорати доимӣ қарор дошта, барои ба эътидол овардани ҳолати бозори нақдии хариду фурӯши доллари ИМА ва таъмини муътадилии тағйирёбии қурби пули миллӣ, тамоми чораҳои зарурӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки дар Буҷети давлатии соли 2017-и Тоҷикистон қурби расмии арзи миллӣ нисбати доллар - 9,16 сомонӣ зикр шудааст. Қурби расмии ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррамешуда барои имрӯз 8,44 сомонӣ (барои 1 доллар)-ро ташкил медиҳад.