Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 10,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки бо қурби ҳозира ба зиёда аз 1,2 млрд. доллар баробар буда, нисбат ба нархҳои қиёсии нишондиҳандаҳои соли 2016 - 6,5% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД бахши савдо (ба ин бахш таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо шомиланд) афзалият дорад, ки 21,4%-ро ташкил медиҳад.
Ҳудуди 19,7%-и сохтори ММД бо шумули энергетика ба соҳаи саноат рост омада, соҳаи кишоварзии маъмулан афзалиятдошта дар сохтори ММД Тоҷикистон (бо шумули шикор, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ) алҳол ба 5,4% баробар аст, зеро мавсими киштукор ҳоло нав оғоз шуд.
Нақлиёт, алоқа, хоҷагии анбор дар сохтори ММД дар семоҳаи аввал 15,1% ва ҳиссаи андозҳо - 12,8%-ро ташкил додаанд.
Соли 2017 афзоиши ҳаҷми ММД дар ҳаҷми 58 млрд. 910 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 9,4% зиёдтар аст.
Соли 2016 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон зиёда аз 53 миллиарду 828 миллион сомониро ташкил дод.