Дар доираи кори ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 19 апрел доир гардид, як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Тавре аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) хабар доданд, раиси ПСС ҶТ Шариф Саид ва муовини раиси ПСС Ӯзбекистон Назира Додохонова зери Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаҳои ҳарду кишвар имзо гузоштанд.

Миёни ширкати саҳҳомии «Узавтосаноат»-и кишвари ҳамсоя ва ширкатҳои тоҷикистонии «Лесинвест» ва «Тоҷмоторс» дар бораи таҳвили автомашинаҳои сабукрав ба Тоҷикистон созишнома ба имзо расид.

Созишномаи таҳвили автомашинаҳои сабукрав ба Тоҷикистонро намояндаи ширкати «Узавтосаноат» (Ӯзбекистон) Сарвар Қодиров ва роҳбари ширкати «Тоҷмоторс» (Тоҷикистон) Зиё Алигалов ба имзо расониданд.
ПСС ҶТ

Ғайр аз ин, ширркати «Узавтосаноат» бо ширкати «Ғаюр» (саҳмдори корхонаи семетбарории «Хаксин Ғаюр Семент»-и ноҳияи Ёвон) миёни ҳамдигар Ёддошти тафоҳум ба имз расониданд.

Чунин санадҳо ҳамчунин байни ширати «TRANSNEFTEGAZ GLOBAL SERVIS»-и Ӯзбекистон (истеҳсол ва таҳвили маводи кимиёвӣ ва масолеҳи сохтмон) ва ширкати «Ғаюр», ҳамчунин миёни КМ ҶДММ «Узклимат контроль» ва ширкати «Тоҷмоторс» низ ба тасвиб расидаанд.

Ширкатҳои тоҷикистонии «Лесинвест» ва «Тоҷмоторс» инчунин бо корхонаи муштараки «УЗчасис»-и кишвари ҳамсоя Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Дар чаҳорчӯби кори ҳамоиш миёни корхонаи ӯзбекистонии «УЗбекозиқовқот Холдинг» ва корхонаи «Иқтидор»-и Тоҷикистон Протоколд ар бораи фурӯши маҳсулоти ғизойӣ ба тасвиб расид.

Дар чорабиниҳои ҳамоиш вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ ва ҳарду ҷониб ҷиҳати мусоидат ба рушди он ва кумак дар дарёфти шарикони имкопазир барои ҳарду ҷониб омодагӣ изҳор намуданд.