Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба бозори асъор танҳо дар сурати аз эътидол берун тағйир ёфтани таносуби қурбҳо дахолат менамояд. Айни замон БМТ ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфтаро интихоб ва амалӣ карда, тибқи он қурби расмии пули миллиро дар асоси талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар менамояд.
«Вазъи қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар ин давра дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 бо раванди коҳишёбии моҳ ба моҳи нисбатан муътадили қурби расмӣ ва пастшавии аз эътидол берун ва босуръати қурби нақдӣ дар моҳҳои феврал, март ва апрел фарқ мекунад», - омадааст дар маълумоти дафтари матбуоти БМТ дар ин робита.
Қайд мешавад, ки ҳамин хусусияти хос ба зиёд шудани фарқияти байни қурби расмӣ ва нақдӣ дар ҳаҷми 2 фоиз мусоидат карда, ба якбора зиёд шудани талабот ба доллари ИМА ва пеш аз ҳама ба нақдинаи он сабаб шудааст.
Гуфта мешавад, айни замон қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 7,8 фоиз, дар ҳамин давраи соли 2016 - 10,8 фоиз коҳиш ёфта, қурби бозории доллари ИМА-и нақд 13,0 фоиз, дар ҳамин давраи соли 2016 - 5,7 фоиз баланд шуда буд.
«Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории доллари ИМА-и нақд аз 0,6 фоиз то ба 5,4 фоиз зиёд шудааст (дар санаи 17.04.с.2016 ин фарқият 0,8 фоиз буд)», - зикр мегардад дар маълумот.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии коҳишёбии қурби сомонӣ, раванди афзоиши фишорҳо ба он ва зиёдшавии талабот ба асъори хориҷӣ ба омилҳои зерини берунӣ ва дохилӣ алоқаманданд.
Омилҳои берунӣ:
1. Ноустувор боқӣ мондани вазъи геосиёсӣ ва ҳолати иқтисодию молиявӣ дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ;
2. Баланд шудани арзиши доллари ИМА вобаста ба сиёсати пулию қарзии Бонки Марказии Амрико;
3. Паст будани арзиши молҳои асосии содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Омилҳои дохилӣ:
1. Ба таври назаррас афзудани ҳаҷми пул дар солҳои охир, аз ҷумла, дар натиҷаи зиёдшавии маблағгузории барномаҳои муҳими давлатӣ, дастгирии бонкҳои ба мушкилӣ дучоргардида ва хариди тилло барои зиёд кардани захираҳои байналмилалӣ;
2. Ба маротиб кам шудани ҷалби маблағҳо бо асъори хориҷӣ аз ҳисоби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар донорҳо;
3. Афзудани фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳаҷми савдо ва баландшавии қобилияти харидории аҳолӣ бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми интиқолҳо бо рубли русӣ ва баландшавии қурби он дар ин давра;
4. Зарурияти мавсимии азнавбарқароркунии захираҳои молу маводҳои воридотӣ;
5. Афзоиши ҳаҷми умумии маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ барои таъмини уҳдадориҳои қарзи беруна ва маблағгузории сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ;
6. Камшавии вуруди асъори хориҷӣ ва ба таври назаррас кам шудани ҳиссаи доллари ИМА дар ҳаҷми умумии онҳо;
7. Зиёд шудани талаботи ташкилотҳои қарзӣ ба доллари ИМА-и нақд барои бозпас гардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ;
8. Барҳам хурдани ду ташкилоти қарзӣ, ба мушкилиҳои пардохтпазирӣ дучор гардидани ду бонки низомсоз, коҳиш ёфтани сатҳи эътимоду боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва чун натиҷа, кам шудани пешниҳоди асъори хориҷии нақд ба амонату пасандозҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ.