Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, пешниҳод дар мавриди боло бурдани арзиши хизматрасонии барқ дар баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 27 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон” гуфтааст, мақомоти ваколатдор хостори боло бурдани нархи хизматрасонии барқ шуд ва дар ин замина як гуруҳи корӣ таъсис ёфт: “Гуруҳи корӣ ин масъаларо баррасӣ ва онро ба ҳукумат пешниҳод намуд”.

Гуфта мешавад, Қодирзода илова кардааст, ки ҳангоми тағйири нархҳо вазъи иҷтимоии мардум ва даромаду хароҷоти корхонаҳо ба назар гирифта мешаванд.

Ёдрас мешавад, ки шурӯъ аз якуми июли соли 2014 нархи барқ дар Тоҷикистон 15 дарсад боло рафта, ҳар киловати он барои сокинон ба ивази 12,6 дирам фурӯхта мешавад.