Бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон соли оянда ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро дар муқоиса бо соли равон ба миқдори 13,6% ё худ 8 млрд. 38 млн. сомонӣ афзуданист.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, тибқи нақшаи таҳиягарони лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои давраи солҳои 2019-2020, ҳаҷми ММД-и кишвар аз рӯи натиҷаҳои соли оянда 66 млрд. 866 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.
Соли 2017 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳудуди 58 млрд. 910 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли пешин (беш аз 53 млрд. 828 млн. сомонӣ) ба андозаи 9,4 фоиз бештар аст.
Мувофиқи нақшаи бахши иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2019 ҳаҷми ММД бояд - 73 млрд. 401 млн. сомонӣ ва соли 2020 - 82 млрд. 713 млн. сомониро ташкил диҳад.
Тибқи пешгӯии ин бахши ҳукумати кишвар, соли оянда мизони таваррум - 7 фоиз ва солҳои 2019-2020 - 6,8 фоизро ташкил хоҳад дод.
Қурби арзи миллӣ - сомонӣ нисбати доллар дар соли 2018 - 9 сомонӣ барои 1 доллар, соли 2019 - 9,4 сомонӣ ва соли 2020 - 10 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Бино ба гуфтаи манбаъ, назди бахши иқтисодӣ вазифа гузошта шудааст, ки то 20 сентябр лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ” ва дурнамои нишондиҳандаҳо барои солҳои 2019-2020-ро ба ҳукумат пешниҳод намоянд.