Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саил рӯзи 4 сентябр 7 нафар саҳмдорони бонки барҳамдодашудаи “Тоҷпромбонк”-ро ба ҳузур пазируфт.
“Мо ба Давлаталӣ Саид доир ба масъалаи гирифта натавонистани маблағҳоямон дар робита ба барҳам дода шудани бонк изҳори ташвиш намудем. Ба мо мудом мегӯянд, ки баъди фурӯши амволи бонк амонатҳоямонро бармегардонанд. Вале чӣ тавр онҳо амволашонро фурӯхта метавонанд, дар сурате ки хонаи дуҳуҷрагиро 80 ҳазор доллар нарх гузоштаанд ва ин дар ҳолест, ки айни замон дар бозор чунин хонаро бо 40 ҳазор доллар метавон харидорӣ намуд?”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” амонатгузорон.
Муовини аввали сарвазир арзу шикоятҳои онҳоро шунида, қайд кард, ки васоити ахбори умумро мутолиа мекунад ва аз қазияи атрофи ин бонк огаҳ аст.
“Ӯ ба мо итминон дод, ки ҳукумат ба тақдири шаҳрвандон бетараф нест. Прокуратураи генералӣ дақиқан ба ошкор кардани сабабҳои муфлисшавии “Тоҷпромбонк” машғул буда, Ҷамшед Зиёев (собиқ раиси бонк) барои бозпурсӣ ба Прокуратури генералӣ даъват шудааст”,- иброз доштанд муштариёни бонк.
Ба қавли муштариёни бонк, Давлаталӣ Самд ҳамчунин зикр кардааст, ки сарфи назар аз мансаби раҳбарӣ барканор шудани Зиёев, ба муфлисшавии ин муассиса маҳз ӯ масъул аст. “Ӯ ба мо ваъда дод, ки амволи охирини Зиёев фурӯхта шуда, маблағи амонатгузорон пурра пардохт мешавад”, - гуфтанд онҳо.
Муовини аввали сарвазир аз муштариён дархост намудааст, ки замони тибқи қонун муқарраршудаи барҳамдиҳии бонкро интизор шаванд. Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки пеш аз ҳама, пулҳое шахсоне баргардонида мешаванд, маблағаш на он қадр зиёд аст.
“Пеш аз ҳама, комиссияи барҳамдиҳӣ ба баргардонидани қарзҳои мушкилотдор вазифадор аст, то ки бо муштариён ҳисоббаробарӣ намояд. Ҳамчунин айни замон қобилияти харидории мардум кам шудаааст, ки барои фурӯши амвол мушкилӣ пеш меорад”, - қайд кардааст Давлаталӣ Саид.
Тибқи маълумоти охирин, феълан 2070 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (қарздорони бонк) ба “Тоҷпромбонк” 266 млн. сомонӣ маблағҳоро барнагардонидаанд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк ҳудуди 550 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори Раёсати БМТ аз 24 феврал иҷозатномаи анҷоми фаъолияти бонкии «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бозхонда шуда, худи ҳамин рӯз аз суд бо ариза дар бораи маҷбуран барҳамдиҳии ин бонкҳо муроҷиат шуд.
Ҳукумат эълон карда буд, ки ба «Тоҷпромбонк» дар ҳаҷми 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» - 70 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок медиҳад. Пешбинӣ шуда буд, ки дар сурати зарурат бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро ба Бонки миллӣ фурӯхта метавонанд.
Аммо баъдтар маълум шуд, ки бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро нагирифтаанд. Ҳукумат дар навбати аввал бонкҳои нисбатан бузургтари дучори мушкилот - «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро бо коғазҳои қиматнок таъмин кардааст.
Тибқи рӯйхати амволи ғайриманқул ва дигар дороиҳои бонкҳои дучори мушкилоти Тоҷикистон, дар номгӯи дороиҳои «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз қабили бинои Сарбонк, 22 бинои филиалҳо ва марказҳои хизматгузории бонкӣ зикр шудааст. Ин бонк ҳамчунин дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дорои манзилҳои сершумор ва дигар иншоот аст.