Ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар 8 моҳи соли ҷорӣ каме бештар аз 2 млрд. 362 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 % ё худ 182 млн. доллар камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми содироти мол дар ин давра ба 610 млн. доллар баробар шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-августи соли гузашта ба андозаи 3,6% (21 млн. доллар) зиёдтар мебошад.

Аз хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 1,7 млрд. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 3,6% (204 млн. доллар) камтар аст. Нисбатан ба таври назаррас кам шудани маҳсулоти ғизойӣ, воридоти мошин ва таҷҳизот, металлҳои арзон, маҳсулоти растанӣ, маҳсулоти саноати кимиё ва асбобу лавозимоти тиббӣ қайд шудааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Қазоқистон шуморида шуда, давоми моҳҳои январ-августи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Русия беш аз 595 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли пешин 9,7% камтар аст.

Ҳаҷми муомилоти мол бо Қазоқистон дар ин давра беш аз 525 млн. долларро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин қариб 30% афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози соли ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Чин ба миқдори 38% поин рафта, ҳудуди 381 млн. долларро ташкил додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.