Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 барои кор дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола шиносномаи омодагӣ гирифт.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ҶСК «НБО Сангтӯда-1», комиссия таҳти сарварии намояндаи ширкати «Интер РАО» аз рӯи натиҷаҳои санҷиши маҷмӯавӣ камбуду ноқисиҳоро дарёфт накардааст ва иҷрои шартҳои асосиву иловагии омодагӣ ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистонро тасдиқ намудааст.
Гуфта мешавад, комиссия омодагии таҷҳизоту дастгоҳҳои нерӯгоҳ, иҷрои корҳои таъмири ҷорӣ, кор бо ҳайати шахсӣ, баргузории машғулиятҳо, таъмини коргарон бо сарулибоси махсус, вазъи бехатарӣ ва истифодаи биноҳову иншоот, таҷҳизоти нерӯгоҳ ва ғайраро мавриди санҷиш қарор додааст.
«Санҷиши омодагии нерӯгоҳ ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳамасола, шурӯъ аз соли 2012 сурат гирифта, барои таъмини кори пурсамар ва боэътимоди нерӯгоҳ дар давраи сарбории аз ҳама бештар зарур аст, ки дар навбати худ, истеҳсол ва интиқоли мунтазаму босуботи нерӯи барқ ба он вобаста аст», - омадааст дар маълумоти нерӯгоҳ.
ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст.
Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» то 12% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста