Бонки саҳҳомию тиҷоратии мададрасони соҳибкории «Соҳибкорбонк» минбаъд фаъолияташро бо тарзу усулҳои бонкинги исломӣ роҳандозӣ карданист.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти бонк, зимни вохӯрии раҳбарияти «Соҳибкорбонк» бо намояндагони Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD), ки ба Гурӯҳи бонки исломии рушд дохил мешавад, имконоти тағйири фаъолияти бонк ба тарзи кори бонки исломӣ баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, зимни сафари чоррӯза намояндагони ICD бо фаъолияти «Соҳибкорбонк», нишондиҳандаҳои молиявии он, сохтор, сатҳи касбии ҳайати шахсӣ ва ҳамчунин маҳсулоту хизматгузории бонк аз наздик шинос шуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин муҳлатҳои тағйирёбии фаъолияти бонкро мувофиқа карда, намояндагони Корпоратсия ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани тарзу усулҳои фаъолияти бонкинги исломӣ тавсияхои судманд доданд.
Моҳи марти соли ҷорӣ зимни вохӯрии раиси раёсати «Соҳибкорбонк» Шералӣ Зардов бо роҳбари ICD Холид Ал-Абудӣ доир ба ҳамроҳ ҷорӣ кардани маҳсулоту хизматгузории бонки исломӣ тавофуқ ҳосил шуда, ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида буданд.
Дар «Соҳибкорбонк» бар ин назаранд, ки баъди тағйирёбии тарзу усули фаъолият, бонк аз тамоми имконот бархӯрдор хоҳад буд, то ки ба яке аз ташкилотҳои пешсафи маблағгузории исломӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби сармоя ба иқтисод ва бахши бонкии кишвар аз ҷаҳони ислом табдил ёбад.
Бонки саҳҳомию тиҷоратии мададрасони соҳибкории «Соҳибкорбонк» соли 1999 бар асоси қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки бисёрсоҳа дар заминаи собиқ «Тоҷикбонкбизнес» ба қайд гирифта шуд. Айни замон «Соҳибкорбонк» дорои 7 филиал ва 50 маркази хизматгузории бонкӣ дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.