Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов имрӯз дар ҷаласаи парлумон истеъфои раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро тақозо намуд.
Ба гуфтаи ӯ, «чунин фоиз ба қарзҳо, ки имрӯз бонкҳои кишвар ба соҳибкорону аҳолӣ пешниҳод мекунанд, танҳо барои фурӯшандагони маводи мухаддири Колмубия ё Мексика қобили истифода аст».
«Аввали соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷкистон дар бораи ҷудо кардани 3 млрд. 250 млн. сомонӣ барои ҳалли масъалаҳои бонкҳои дучори мушкилот - «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» қарор қабул кард, вале то имрӯз саҳмгузорони ин бонкҳо пулҳои худро бозпас гирифта натавониста, аз дасти Бонки миллӣ ҳеҷ коре намеояд», - изҳор дошт вакил.
Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки « имрӯз бонкҳои кишвар эътимоди сармоягузорони саҳмгузоронро пурра аз даст дода, мушкилоти онҳо ба дарди сари ҳукумат, парлумон ва дар ниҳояти кор Президент мубаддал шудааст».
«Дар ҳолати мавҷуда саҳмгузорони ин бонкҳо аз гирифтани фоизҳои амонати худ даст кашида, танҳо худи маблағи амонатро бозпас гирифтан мехоҳанд, - гуфт дар идома Зуҳуров. - Ин дар дунё ҳодисаи гӯшношунид аст».
Ӯ ба раиси Бонки миллӣ дастур дод, ки дар муддати ду ҳафта доир ба вазъи мавҷуда маълумоти пурра ҷамъоварӣ намуда, ба ӯ ҳисобот диҳад, ки «кай билохира мушкилоти саҳмгузорон ҳаллу фасл мешавад».
Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода посух дод, ки дар навбати худ имрӯз бонкҳо қарзҳои қаблан додаи худро, ки 4 млрд. 600 млн. сомониро ташкил медиҳад, баргардонида наметавонанд.
Дар посух ба изҳороти раиси Ҳизби демократ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки пеш аз талаби истеъфои ӯ, як каме андеша мебояд кард…
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Бывший футболист избран новым президентом Грузии
Жизнь, достойная подражания. Посвящается 100-летию Рауфа Дадабаева
Парламент Южной Кореи объявил импичмент президенту страны
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
Праздник Весны: как китайский Новый год объединяет миллионы людей
Потребительская уверенность в Таджикистане выросла после трех месяцев падения
ГЭС, ветровые и гелиостанции. В Узбекистане запустили 18 новых энергетических объектов
Джонибек Муродов: «В жизни не бывает лёгких путей»
Таджикистан и Пакистан указали на важность скорейшей реализации CASA-1000
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста