КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) харидории гази табиӣ аз Ӯзбекистонро танҳо барои тайёр кардани анодҳо имконпазир медонад.
«Ширкати «РусАл» ҳамроҳ бо ТАЛКО истеҳсоли анодро роҳандозӣ карданист ва ҳангоми истеҳсоли анодҳо истифодаи гази табииро муҳим медонад, - гуфт ба «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии ширкат Игор Сатторов. - Айни замон дар ин хусус гуфтушунидҳо ҷараён доранд ва агар кадом як тавофуқе ҳосил шавад, мо ба Ӯзбекистон муроҷиат мекунем».
Зимнан хотиррасон шуд, ки аз моҳи апрели соли 2012 Ӯзбекистон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон қатъ намуда, ширкат таъҷилан ва технологияи нав гузашт, яъне ба истеҳсоли газ аз ангишт шурӯъ намуда, табиист, ки технологияи истеҳсол ҳам иваз ва маблағгузорӣ сурат гирифт, ки дар ин реҷа идомаи кор мувофиқи мақсад аст.
Қобили зикр аст, ки барои таъмини истеҳсоли алюминий бо сӯзишворӣ ТАЛКО дар кони ангишти «Фон Яғноб» дар ноҳияи Айнӣ ду кон гирифта, «кор дар он ҷо муваффақона роҳандозӣ шудааст ва ширкат истеҳсолоташро пурра таъмин мекунад».
Ҳамчунин мебояд гуфт, ҶСК «Тоҷиктрансгаз» аз оғози соли оянда интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистонро барқарор карданист. Айни замон миёни ширкатҳои марбут ба истихроҷу таҳвили гази давлатҳо гуфтушунидҳо ҷараён дошта, «Тоҷиктрансгаз» таваҷҷуҳ ва талаботи корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба гази табииро муайян мекунад.
То замони қатъи интиқоли он дар соли 2012, ТАЛКО истеъмолгари асосии гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба шумор мерафт. Аз моҳи январи соли 2013 ширкат ба таъмини талаботи худ бо сӯзишворӣ ба истифода аз гази синтезшуда гузашт, ки аз ангишти маҳаллӣ истеҳсол мешавад.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста