Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба беҳбуди самаранокии иқтисоди ҷумҳурӣ тавассути рушди Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) умедвор аст.
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 декабр Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар мавзӯи “Инноватсия барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи СПЕКА” баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар форуми мазкур намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони кишварҳои аъзои СПЕКА иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ дар чорабинӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода қайд кард, ки фаъолияти инноватсионии ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба самти рушд ва тақвияти истеҳсоли молҳои содиротӣ ва молҳои воридотивазкунанда нигаронида шудааст.
Қайд шуд, ки вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорат Барномаи мусоидат ба содирот ва воридотивазкунандаи Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо бо дарназардошти навовариҳо баҳри беҳтар намудани вазъи содирот дар соҳаҳои калидии иқтисодиёт ба монанди саноат, энергетика, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва ғайра дар бар мегирад.
Ба гуфтаи вазир, яке аз роҳҳои рушди фаъолияти инноватсионии кишвар, ин рушди минтақаҳои озодии иқтисодии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва аз ин хотир дар кишвар 4 минтақаи озоди иқтисодӣ - «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» таъсис дода шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин раванд алакай минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» ба комёбиҳои муайян ноил гардида, маҳсулоти бо истифода аз технологияҳои нав ва инноватсионӣ истеҳсолгардидаро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба фурӯш бароварда истодаанд.
Ёдрас мекунем, ки корҳои тадорукотии таъсиси МОИ дар Тоҷикистон соли 2005 оғоз гардида, соли 2008 расман таъсис ёфтани онҳо эълон шуд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, қариб амал намекунад. Дар МОИ «Панҷ» дар қаламрави вилояти Хатлон алҳол танҳо корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Айни замон танҳо ду МОИ «Суғд» ва «Данғара» амалан фаъолият доранд. Дар қаламрави МОИ «Суғд» (вилояти Суғд) то имрӯз 23 корхона ба қайд гирифта шудааст, ки 20-тои онҳо - корхонаҳои маҳаллӣ ва 3-тои дигар - Корхонаҳои муштарак (Тоҷикистон - Лаҳистон (Полша), Туркия, Чин) мебошанд.
Аз ин шумор имсол танҳо 8 корхона фаъолият намуда, тӯли 10 моҳи соли равон ба маблағи ҳудуди 65 млн. сомонӣ (беш аз 7 млн. доллар) маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Дар МОИ «Данғара», ки дар ноҳияи ҳамноми вилояти Хатлон воқеъ аст, 7 корхона фаъолият дошта, давоми 10 моҳи соли равон дар ин корхонаҳо ба маблағи наздики 16 млн. сомонӣ маҳслуот истеҳсол шудааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста