Корҳои оғози сохтмони хати баландшиддати барқи минтақавии CASA-1000 соли равон дар назар аст. Тавассути ин хат интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад.
«Бевосита оғози корҳои амалисозии лоиҳа давоми соли равон дар ҳамаи кишварҳои иштирокчии лоиҳаи мазкур ба нақша гирифта шудааст», - хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Дар Вазорати энергетика қайд мекунанд, ки дар марҳилаи аввал сохтмони зеристгоҳҳои табдили барқ (конверторӣ) дар қаламрави Тоҷикистону Покистон дар назар аст.
«Дар қаламрави Тоҷикистон зеристгоҳи табдили барқ бо иқтидори гузариши 1300 мВт дар Сангтӯда сохта мешавад. Тендер аз рӯи қисмати техникиаш ба итмом расид. Аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, ки сармоягузори асосии лоиҳа мебошад, тасмим гирифта шудааст, ки аввали моҳи март пешниҳодҳои молиявии ширкатҳои манфиатдор ба иштирок дар сохтмони ин иншоот баррасӣ шуда, агар пешниҳодҳо дар доираи буҷет бошанд, бо ғолиби тендер қарордоди дахлдор баста шуда, бевосита корҳои сохтмон шурӯъ мешаванд», - таъкид мекунанд дар Вазорат.
Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистну Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол нерӯи барқ содирот намоянд. Ҳадафи лоиҳа дар мавсими тобистон роҳандозӣ кардани содироти нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон унвон мешавад.
Қобили зикр аст, ки анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2020 пешбинӣ шуда, арзиши умумии он беш аз 1 млрд. долларро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа хатти 477 километраи интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи Датка (Қирғизистон) то Хуҷанд сохта шуда, Сангтӯда, Кобул ва Пешовар бо хатти баландшиддати интиқоли барқи 750 километра пайваст мешаванд.
Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – $314 млн., Қирғизистон – $209 млн., Афғонистон – $354 млн. ва Покистон – $209 млн. Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳа 12 сентябри соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки сарони кишварҳои узви лоиҳа доир гардид.
Искандеркульская вахта полковника Ионова. Первой гидрометеостанции Таджикистана 95 лет
Фильм «Фуруғ» таджикского режиссера получил награду на кинофестивале в России
Чиновники Бухарской области перейдут на чрезвычайный режим работы, чтобы сократить бедность населения
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста