Дар доираи фаъолияти Шӯрои корӣ кишварҳо ба маблағи наздики 15 млн. доллар қарордодҳо ба имзо расониданианд.
- Ӯзбекистон таъсиси Шӯрои кории муштарак бо Тоҷикистонро пешниҳод мекунад, - хабар додааст ба васоити ахбори умуми Ӯзбекистон раиси Палатаи савдо ва саноати ин кишвар Адҳам Икромов.
Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаи нахустини Шӯрои кории Тоҷикиситону Ӯзбекистон дар доираи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор мешавад.
Адҳам Икромов қайд кардааст, ки таъсиси Шӯрои корӣ миёни кишварҳо бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст.
«Дар ҷаласаҳои Шӯрои кории кишварҳо масоили мавриди таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкорон ва тоҷирони Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ мешаванд», - гуфтааст ӯ.
Икромов илова намудааст, ки дар чаҳорчӯби фаъолияти Шӯрои корӣ Ӯзбекистону Тоҷикистон ният доранд, ки ба маблағи ҳудуди 15 млн. доллар қарордоду шартномаҳо ба имзо расонанд.
Қаблан зикр гардида буд, ки рӯзҳои 7-9 март дар Душанбе намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти Ӯзбекистон ва ҳамчунин форуми доираҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста