Соли гузашта Тоҷикистон зиёда аз 176,5 млн. қарзи хориҷиашро пардохт намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз ҷумла беш аз 138,9 млн. доллар ба пардохти қарзи асосӣ ва зиёда аз 37,5 млн. доллар ба пардохти фоизи қарзҳо равона шудааст.
Қариб нисфи ин маблағ - 81,6 млн. доллар ба пардохти қарзи Чин (Эксимбонк) равона гардида, ҳамчунин беш аз 24,3 млн. - қарзи Бонки ҷаҳонӣ, 17,5 млн. доллар - қарзи Бонки осиёгии рушд ва 10,3 млн. доллар - қарзи Бонки исломии рушд пардохт шудааст.
Барои пардохти қарзҳои Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Фонди ОПЕК, Фонди зиддибуҳронии ЕврАзЭС, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки осиёгии сармоягузории зербиноӣ, ИМА, Фонди рушди Кувайт, Фонди рушди Саудӣ, Олмон (KfW), Фаронса ва Фонди рушди Абу-Даби низ маблағҳо ҷудо шудаанд.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали соли равон ба 2,9 млрд. доллар расид, ки ба 40,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон айни замон Чин (Бонки содиротиву воридотии Чин) мебошад, ки ҳаҷми он наздики 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад. Қарзҳо аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (318 млн.), Бонки осиёгии рушд (278 млн.) ва Бонки исломии рушд (112 млн. доллар) низ қарздор аст.
Ҳамчунин давоми соли равон ҷалби 200 млн. доллар қарзи хориҷӣ ва сармоягузорӣ аз ҳисоби фурӯши вомбаргҳои давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, ҳадди ниҳоии ҳаҷми қарзи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз 40 фоиз то ба 60 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) боло бурда шуд. Ин нишондиҳанда зимни аз ҷониби қарздиҳандагон таҳлил намудани вазъи пардохтпазирии кишвар нақши муҳим дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста