Русия ба пешниҳодаш дар мавриди баргузории гуфтушунидҳо бо Тоҷикистон посухи расмӣ нагирифта, аз 5 апрел иҷозатномаҳои парвоз ба шаҳрҳои Русияро, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонии Somon Air ва Tajik Air дода буд, бозхонд мекунад, хабар медиҳад РИА-Новости бо истинод ба мақомоти авиатсионии ин кишвар.
«Аз 5 апрел Русия иҷозатномаҳои қаблан додашуда ба Somon Air и Tajik Air барои парвоз ба самтҳои Новосибирск - Душанбе ва Новосибирск - Хуҷанд, ҳамчунин панҷ парвози ширкати Tajik Air ва чор парвози ширкати Somon Air бо хатсайри Маскав - Душанберо манъ мекунад», - гуфтааст манбаи хабаргузорӣ.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон аз 2 апрел як қатор иҷозатномаҳои парвоз ба Душанбе ва Хуҷандро аз минтақаҳои Русия аз 5 ширкати русиягӣ: "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир", "Северний ветр" ва "Глобус" бозхонд кард, ки ба 11 хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳо дахл хоҳад дошт.
Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки ин тадбирҳои маҷбурии ҷавобӣ ба қарори Росавиатсия аз 30 март дар бораи манъи парвозҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия ба 11 самт аст.
Аз ҷумла, мақомоти авиатсионии Тоҷикистон иҷозатномаҳои парвозро ба Душанбе - аз Екатеринбург, Новосибирск, Иркутск, Краснодар, Красноярск, Санкт-Петербург, Самара ва ба Хуҷанд - аз Новосибирск, Санкт-Петербург, Самара ва Сургут бозхонд карданд.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз ҳайати Тоҷикистон ба Маскав раҳсипор мешавад, то ки бо мақомоти авиатсионии Русия ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномада гуфтушунид гузаронад. Ба ҷуз намояндагони мақомоти авиатсионӣ, ба ин ҳайат ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва адлияи ҷумҳурӣ низ шомиланд.
Айни замон дар фурӯшгоҳҳои билети ҳавопаймоии Тоҷикистон ба мусофирон тариқи транзит дар Алмаато сафар ба Русияро пешниҳод мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста