Дар Душанбе ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) доир мегардад.
Дар ҷаласа баррасии масоили марбут ба ҷараёни амалисозии созишномаҳои баимзорасида байни кишварҳо дар доираи Созмон, иҷрои лоиҳа ва барномаҳои СҲИ, фаъолияти агентиҳои махсус ва мақомоти Созмон, пешрафт ва арзёбии иҷрои ҳадаф ва вазифаҳои зикршуда дар санади «Дурнамои СҲИ 2025», қабули Барномаи нави СҲШ дар бораи мусоидат ба Афғонистон ва ҳамчунин масъалаҳои маъмурӣ ва молиявии СҲИ дар назар аст.
Дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ рӯзҳои 16-17 апрел дар «Боғи Ирам» Намоишгоҳи хунарҳои мардумии кишварҳои узви Созмон баргузор мешавад.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ - ташкилоти байнидавлатии иқтисодии минтақавӣ ба шумор рафта, онро соли 1985 Эрону Покистон ва Туркия бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узви Созмон таъсис доданд.
Имрӯз Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲИ мебошанд. Котибот ва шуъбаи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон, дафтари иқтисоди он дар Туркия ва дафтари илмии он дар Покистон воқеъ аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста