Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳар семоҳа барои ҳар як симкорти ғайрифаъол дар ҳаҷми 20 дирам маблағ пардохт мекунанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз як ширкати мобилӣ хабар доданд, ин пардохтпулӣ аввали соли равон аз ҷониби Хадамоти алоқа ҷорӣ шудааст.
«Гап сари он аст, ки рақамҳоро ширкатҳо аз Хадамоти алоқа мехаранд. Агар муштарӣ истифодаи онро боздошта бошад, рақамро дубора мефурӯшанд ё он дар тавозуни ширкат ғайрифаъол боқӣ мемонад. Барои ғайрифаъол боқӣ мондани рақам мо ба Хадамоти алоқа ҳар се моҳ ба ҳар як симорти ғайрифаъол 20 дирам маблағ пардохт мекунем», - қайд кард як манбаъ дар ширкати мобилӣ.
Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2016 дар Тоҷикистон беш аз 11,2 млн. муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Баъди бақайдгирии дубора тобистони соли 2017 шумори симкортҳои фаъол 6,1 млн. ададро ташкил дод.
Яъне ширкатҳои мобилӣ ҳар семоҳа барои 5,1 млн. адад симкортҳои ғайрифаъол ба ҳар кадоме бояд 20 дирам маблағ пардохт кунанд, ки дар се моҳ ба 1,020 млн. сомонӣ ва дар як сол - ба 4,080 млн. сомонӣ баробар мешавад.
Хадамоти алоқа ин тасмими худро ба хизматрасонии симкортҳои ғайрифаъол нисбат дода, лекин зери мафҳуми «хизматрасонӣ» чӣ дар назар аст, шарҳ надодаанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2015 Хадамоти алоқа барои истифодаи рақами алоқаи мобилӣ дар як моҳ дар ҳаҷми 80 дирам пардохти маблағ ҷорӣ намуд, ки ҳар моҳ аз муштариён гирифта мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста