Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев ба Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешниҳод намуд, ки дар сатҳи нав ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад. Аз ҷумла, БМТ аз Хазина кумак дархост кард.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, дар Дафтари асосии ХБА ҳайати БМТ таҳти роҳбарии Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Хазина таҳти роҳбарии муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА ҷаноби Ҷиҳад Алвазир мулоқоти корӣ доир намуд.
Дар мулоқоти корӣ ҳайати БМТ-ро намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА Илҳом Раҷабов ва ҳайати ХБА-ро роҳбари Хазина оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ва як қатор намояндагони сохторҳои ХБА ҳамроҳӣ намуданд.
Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҷиҳад Алвазирро барои татбиқ намудани барномаҳои якҷояи БМТ бо Хазинаи байналмилалии асъор, инчунин мусоидат ба кӯмакҳои техникӣ дар самти татбиқи ислоҳот дар сиёсати монетарӣ, аз ҷумла бо истифода аз фишангҳои муосир бо роҳи гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ ҷалб намуд.
Муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА ҷаноби Ҷиҳад Алвазир зикр намуд, ки ХБА омода аст дар оянда ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ пешниҳод намояд.
"Барои ин бахшҳои мушаххаси низоми бонкӣ ва самтҳои асосии фаъолият барои кӯмаки техникиро нишон додан лозим аст. Аз ин рӯ, бо пешниҳод намудани ин номгӯй аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба кӯмаки техникӣ эҳтиёҷ мавҷуд аст, Хазинаи байналмилалии асъор омӯхта, баъдан лоиҳаи кӯмакҳои техникиро таҳия менамояд", - зикр намуд ҷаноби Ҷиҳад Алвазир.
Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо оид ба аз ҷониби ХБА ба Тоҷикистон ҷудо шудани қарзи навбатӣ муддати тӯлонист, ки идома доранд.
Муҳлати амали барномаи пешини сесолаи қарзи ХБА, ки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок дод, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида, тирамоҳи ҳамон сол раҳбарияти Тоҷикистон бо дархости кумак ба Хазина муроҷиат кард.
Гуфтушунидҳои нахустини ҳайати расмии Тоҷикистон бо ХБА оид ба таҳияи барномаи нав дар доираи Механизами васеи қарздиҳӣ (ECF) моҳи октябри соли 2015 доир гардид.
Моҳи ноябри соли гузашта дар Душанбе машвратҳои ХБА бо Тоҷикистон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он зикр гардид, ки «марҳилаи минбаъда баррасии шарт ва тадбирҳои сиёсат дар доираи барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ хоҳад буд».
«Тасдиқи барномаи нав бо ХБА қариб дар ҳама кишварҳо хеле зиёд тӯл кашида, ба он вобаста аст, ки ҳамаи шарту тадбирҳои пешакии барнома бояд бо назардошти хавфу омилҳое, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ баъзан вақт ба расидан ба созиш монеъа эҷод мкунанд, мувофиқа шаванд», - гуфта буданд дар Бонки миллӣ.
Зимнан зикр гардида буд, ки дар иҷрои тадбирҳои пешакии сиёсати қарздиҳии пешниҳодшуда аз ҷониби ХБА Тоҷикистон айни замон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
«Барномаи нави ХБА пеш аз ҳама, ба дастгирии стратегияи иқтисодии Тоҷикистон, ноил гардидан ба суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ ва дар баробари ин афзоиши рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, ҳамчунин дастгирии тавозуни пардохт ва устувории захираҳои байнулмилалии кишвар нигаронида шудааст», - афзуданд дар БМТ.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
15 сокровищ Центральной Азии, охраняемых ЮНЕСКО
«Еда и транспорт». На что тратят деньги таджикские студенты?
Топ-5 советов, как быстро обучить ребёнка иностранному языку
«Работы нет, пенсии на жизнь не хватает». Какие трудности испытывают незрячие в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 ноября 2024 года
Нацбанк предупредил таджикистанцев о фальшивых и «шуточных» сомони
Первые признаки подростковой анорексии. Как понять, что твой ребенок болен и к каким врачам идти?
Таджикистан присоединится к Международному союзу охраны природы
«Умная и жесткая». Кэролайн Ливитт станет самым молодым пресс-секретарем президента в истории США
Детей мигрантов, получающих гражданство России, обяжут приносить присягу с 14 лет
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста