Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев ба Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешниҳод намуд, ки дар сатҳи нав ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад. Аз ҷумла, БМТ аз Хазина кумак дархост кард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, дар Дафтари асосии ХБА ҳайати БМТ таҳти роҳбарии Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Хазина таҳти роҳбарии муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА ҷаноби Ҷиҳад Алвазир мулоқоти корӣ доир намуд.

Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҷиҳад Алвазирро барои татбиқ намудани барномаҳои якҷояи БМТ бо Хазинаи байналмилалии асъор, инчунин мусоидат ба кӯмакҳои техникӣ дар самти татбиқи ислоҳот дар сиёсати монетарӣ, аз ҷумла бо истифода аз фишангҳои муосир бо роҳи гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ ҷалб намуд.

Муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА ҷаноби Ҷиҳад Алвазир зикр намуд, ки ХБА омода аст дар оянда ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ пешниҳод намояд.

"Барои ин бахшҳои мушаххаси низоми бонкӣ ва самтҳои асосии фаъолият барои кӯмаки техникиро нишон додан лозим аст. Аз ин рӯ, бо пешниҳод намудани ин номгӯй аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба кӯмаки техникӣ эҳтиёҷ мавҷуд аст, Хазинаи байналмилалии асъор омӯхта, баъдан лоиҳаи кӯмакҳои техникиро таҳия менамояд", - зикр намуд ҷаноби Ҷиҳад Алвазир.

Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо оид ба аз ҷониби ХБА ба Тоҷикистон ҷудо шудани қарзи навбатӣ муддати тӯлонӣ - аз соли 2012 идома доранд.

Муҳлати амали барномаи пешини сесолаи қарзи ХБА, ки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок дод, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида, тирамоҳи ҳамон сол раҳбарияти Тоҷикистон бо дархости кумак ба Хазина муроҷиат кард.

Гуфтушунидҳои нахустини ҳайати расмии Тоҷикистон бо ХБА оид ба таҳияи барномаи нав дар доираи Механизами васеи қарздиҳӣ (ECF) моҳи октябри соли 2015 доир гардид.

Моҳи ноябри соли гузашта дар Душанбе машвратҳои ХБА бо Тоҷикистон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он зикр гардид, ки «марҳилаи минбаъда баррасии шарт ва тадбирҳои сиёсат дар доираи барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ хоҳад буд».

«Тасдиқи барномаи нав бо ХБА қариб дар ҳама кишварҳо хеле зиёд тӯл кашида, ба он вобаста аст, ки ҳамаи шарту тадбирҳои пешакии барнома бояд бо назардошти хавфу омилҳое, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ баъзан вақт ба расидан ба созиш монеъа эҷод мкунанд, мувофиқа шаванд», - гуфта буданд дар Бонки миллӣ.

Зимнан зикр гардида буд, ки дар иҷрои тадбирҳои пешакии сиёсати қарздиҳии пешниҳодшуда аз ҷониби ХБА Тоҷикистон айни замон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

«Барномаи нави ХБА пеш аз ҳама, ба дастгирии стратегияи иқтисодии Тоҷикистон, ноил гардидан ба суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ ва дар баробари ин афзоиши рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, ҳамчунин дастгирии тавозуни пардохт ва устувории захираҳои байнулмилалии кишвар нигаронида шудааст», - афзуданд дар БМТ.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин назаранд, ки ба гумон аст ба мо пул диҳанд, ҳарчанд дар ин масъала шахсияти муовини аввали раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев нақши бузург дошта метавонад.

«Бовар дорам, ки медиҳанд, - мегӯяд иқтисодчӣ бидуни ифшои ному насаб. - Аввалан, онҳо ба хубӣ медонанд, ки бидуни 300-500 млн. кумак, бахши бонкии Тоҷикистонро аз ботлоқ берун кашида намешавад. Дар шикасти низом бошад, онҳо манфиатдор нестанд. Бале, ба онҳо тасмимҳои зиддибуҳронии БМТ писанд нафатод, ки дар натиҷа «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» зери назорати маъмурияти камсамар гузашт. Боз ба онҳо боқӣ мондани менеҷмент дар ҳарду бонк (Пиров ва Алимардонов) хуш наомад.

Дуюм, муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиевро онҳо «одами худӣ» мешуморанд. Барои ниҳодҳои молии ғарбӣ ин хеле муҳим аст.

Сеюм, мегӯяд коршинос, Нуралиев суҳбаторои хуб буда, «ба онҳо хотиррасон мекунад, ки чӣ гуна ҷойгир кардани евробондҳо ба 500 млн. доллар (ҳарчанд қимат бошад ҳам - беш аз 7%-и солона) ба онҳо муяссар шуд».

«Ӯ метавонад изҳор дорад, ки «Эксимбонк»-и Чин ҳамеша ба дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳамин маблағҳо омода аст, лекин онҳо инро хостор нестанд. Бо назардошти ҳамин омилҳо қарз медиҳанд, лекин камтар аз ҳаҷми зарурӣ барои наҷоти бонкҳо», - мутмаин аст иқтисодчии тоҷик.

Коршиноси дигар мегӯяд, шояд ХБА ба Тоҷикистон кадом як кумаки технии начандон назаррас расонад, ки яке аз навъҳои кумаки бебозгашт аст. Лекин ҳарду коршинос муътақиданд, ки солҳои наздик аз ХБА гирифтани қарз ба гумон аст.

«Гап сари он аст, ки сатҳи қарзи давлатии Тоҷикистон қариб ба нишонихандаи ниҳоӣ расида, ниҳодҳои байнулмилалии молӣ аз додани воситаҳои қарзӣ худдорӣ мекунанд. Расман мегӯянд, ки ба афзоиши қарзи кишвар манфиатдор набуда, вале дар амал бошад, онҳо пулҳои худро бовар намекунанд, зеро ба барградонидани онҳо шубҳа доранд, - мегӯяд коршинос. - Гузашта аз ин, соли гузашта ХБА сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро маҳз бо сабаби нишондиҳандаҳои лимити қарзи давлатӣ аз сатҳи паст ба баланд гузаронид. Бо ин амал Хазина ба дигар ниҳодҳои молии байнулмилалӣ тавсия дод, ки пеш аз қарз додан ба ҷумҳурии мо, хеле хуб андеша кунанд».

Иқтисодчии сеюм, ки ӯ ҳам аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзид,  низ ба ин назарҳо розӣ аст:

«Фикр намекунам, ки ХБА пул диҳад, зеро БМТ нақшаи мушаххас надорад. Дар буҳрони бонкҳо худи давлат ва Бонки миллӣ гунаҳкоранд. Агар давлат ба вазъ бо «барҳамхӯрӣ»-и бонкҳо даст намедошт, онҳоро (бонкдоронро) кайҳо ба ҳабс мегирифтанд», - қайд кард номбурда.

«Шояд захираҳои асъор дар ҳоли тамомшавӣ қарор доранд, аз ин рӯ онҳо бидуни нақшаи мушаххас пулпурсӣ рафтанд, - мегӯяд иқтисодчӣ. - Қурб босуръат боло рафт, ҳаҷми пули нақд ва пулҳои майда дар бонкҳо хеле зиёд шуданд. Нархи доллар дар бозори сиёҳ ба 9,15 расид…».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.