Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) соли ҷорӣ дар соҳаҳои низоми бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон 7 лоиҳаро татбиқ мекунад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нукта зимни вохӯрии муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ Нил Маккейн садо дод.
Дар ҷараёни мулоқот қайд шуд, ки ояндаи наздик барои ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон самтҳои афзалиятнок аз ҷониби БАТР муайян шудаанд, аз ҷумла дар самти дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва сиёсати коммуникатсионӣ, ки ба ҳадафгирии таваррум бевосита рабт дорад ва таъмини гарав ба молу мулки манқул дар асоси тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ мебошанд.
Нил Маккейн инчунин дар мавриди саривақт амалӣ намудани пардохтҳо аз рӯи лоиҳаҳои мавҷуда сухан карда, баҳри тавсеа ёфтани ҳамкориҳо дар самтҳои нав изҳори омодагӣ кард.
Дар навбати худ Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро ба ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкии кишвар, бахусус дар самти таҳким бахшидани назорати ташкилотҳои қарзӣ, баланд бардоштани масъулияти Шӯрои нозирон, бартариятҳои низоми ягонаи пардохт, баҳодиҳии сифати дороиҳои низоми бонкии мамлакат даъват намуд.
Қобили зикр аст, ки БАТР бо ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ҳамкориҳои зич дошта, ба 10,7% - саҳмияҳои «Бонки Эсхата», 12% - «Агроинвестбонк», 13,7% - «Аксесбонк Тоҷикистон» ва 12,5% - саҳмияҳои «Имон Интернешнл» молик аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста