Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, қарор содир намуд.
Дар санад тасдиқи номгӯи мол ва маҳсулот дастур дода шуда, назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон вогузор шудааст.
Дар ин номгӯй 16 молу маҳсулот зикр шудааст, аз ҷумла:
1. Орд (навъҳои 1 ва 2)
2. Нони аз орди навъҳои 1 ва 2 истеҳсолгардида
3. Маҳсулоти макаронӣ
4. Гандум
5. Биринҷ
6. Картошка
7. Сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам
8. Қанди сафед, шакар
9. Равғани растанӣ: равғани пахта ва равғани офтобпараст, равғани маска
10. Маҳсулоти ширӣ: шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог
11. Наск, нахӯд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав
12. Гӯшт: гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ
13. Тухми мурғ
14. Намак
15. Чой: навъи сабз ва сиёҳ
16. Ғизои кӯдаконa.
Қобили зикр аст, ки нархгузорӣ ба ин молу маҳсулот то кунун озодона муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин назаранд, ки танзими нархҳо ба ин навъи молу маҳсулот чун дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ хеле душвор хоҳад шуд.
«Дар замони Иттиҳод Шӯравӣ давлат метавонист ба ин ё он навъи маҳсулот нархи сабтшуда муқаррар кунад, зеро худаш ба истеҳсол, ҳамлу нақл ва фурӯши ин маҳсулот машғул мешуд. Айни замон ҳамаи молу маҳсулоти дар номгӯй зикршуда аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ба бозор ворид ва фурӯхта мешавад ва онҳо бо назардошти хароҷоти худ нархро муқаррар мекунанд. Дар ҳамин ҳол, аксари молу маҳсулот аз хориҷа ворид мешавад», - изҳори назар кард ба «Азия-Плюс» коршиноси масоили иқтисодӣ, ки нахост ному насабаш ифшо гардад.
Дар ҳамин ҳол, қайд кард ӯ, барои ҳар як минтақа нархи ҷудогона муқаррар кардан лозим аст, ҳадди ақал барои он ки арзиши аслии молу маҳсулот дар нуқтаҳои гуногуни кишвар фарқ мекунанд.
Коршинос гуфт, дар шароити иқтисоди бозаргонӣ нархҳои сабтшударо метавон танҳо ба он маҳсулоте муқаррар намуд, ки таҳти монополияи табиӣ қарор дорад. Ба гунаи мисол, тарифҳо ба нерӯи барқ, об ва ғайра.
«Агар ҳукумат тоҷиронро ба муқаррар кардани нархи сабтшуда уҳдадор созад, ин ногузир ба дастрасӣ ва сифати молу маҳсулот таъсир мерасонад», - илова намуд коршинос.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста