Ротори нахустин аз шаш гидрогенераторҳои ояндаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун насб шуд. Мавриди баҳрабардории ин агрегат бояд моҳи ноябри соли равон доир гардад.
«Мутахассисони Днепр-СГЭМ дар ҳамдастӣ бо муҳандисони корхонаи «Электротяжмаш» ва раҳбарияти нерӯгоҳ ротори гидрогенератори №6-ро ба ҷойи таъиншуда насб карданд», - қайд мешавад дар маълумоти Днепр-СГЭМ.
Ротори вазнаш 850 тонна рӯзи 5 июл насб шуд. Зикр мегардад, ки он дар шароитҳои душвори ҳамроҳ ба иҷро расонидани корҳои сохтмону пармакуниву таркишҳо дар толори мошинҳо васлу дуруст шудааст.

Дар маълумот таъкид мешавад, ки агрегати №6 бояд санаи 16 ноябри соли 2018 ва агрегати №5 - соли 2019 ба кор дароварда мешавад. Дар ин бора санаи 1 феврал роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини ба Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо Сарвари давлат итминон дод. Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.
Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.
Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста