Дар сурати пешниҳод нагардидани нақшаҳои мукаммали ба кор даровардани иқтидори корҳонаҳои саноатии пойтахт аз ҷониби соҳибмулкон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. Чунин дастур дод ба сохторҳои дахлдор раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни кори иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр ҳамчунин супориш дод, ки доир ба истифодаи иқтидори пурраи корхонаҳо, ворид намудани технологияҳои наву муосири соҳаи саноат ва бо ин васила афзоиши истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Раиси пойтахт диққати ҳозиринро ба фаъолияти корхонаҳои дӯхти либосҳои ягонаи мактабӣ ва либосҳои махсус барои корхонаҳои соҳавӣ ҷалб намуда, дастур дод, ки сатҳи истеҳсолот дар корхонаҳои саноатии пойтахт афзун карда шавад.
Ҳамчунин ҷиҳати беҳтар намудани шароит барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони дохилӣ бобати ташкили корхонаҳои хурду миёна, назорат дар соҳаи барқ, пешгирии талафоти барқ ва пайваст намудани биноҳою иншооти шаҳр ба шабакаҳои гармидиҳандаи пойтахт дастуру супоришҳо дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар комплекси саноатии шаҳри Душанбе имрӯз беш аз 300 номгӯи маҳсулот истеҳсол мешавад. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшудаи ниёзи мардум дар ҷумҳурӣ наздики 30% (бо шумули маҳсулоти хӯрокворӣ) ба корхонаҳои шаҳри Душанбе рост меояд.
Дар ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои 9 моҳи соли 2017 - 17,7%-ро ҳиссаи шаҳри Душанбе ташкил медиҳад. Суръати рушди иқтисод давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2017 дар Душанбе ба 5,8% баробар шуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ тӯли 9 моҳи соли 2017 - 510 млн. сомониро ташкил дод, ки 22,3% - ба истеҳсоли маҳсулот, 73,2% - ба хизматгузориҳо ва 3,9% - андоз рост омад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста