Тӯли шаш моҳи соли равон қарзи ширкати «Барқи тоҷик» бидуни назардошти қарзҳое, ки барои амалисозии лоиҳаҳои электроэнергетикӣ ҷалб шудааст, 450 млн. сомонӣ (наздики 50 млн. доллар) афзуд.
Ба аввали нимсолаи дуюми соли 2018 қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» 4 млрд. 145 млн. сомониро ташкил медиҳад, хабар дод вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода рӯзи 16 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.
Аз ҷумла, қайд кард ӯ, ширкат аз андоз - 109,2 млн. сомонӣ, аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» - 1 млрд. сомонӣ, нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» - 1 млрд. 221,5 млн. сомонӣ, ҶСК «Ориёнбонк» - 1,8 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби харид ва таҳвили ангишт - 14,8 млн. сомонӣ қарздор аст.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии ин қарзҳо ба аввали соли равон 3,7 млрд. сомониро ташкил дода буд.
Маблағи қарзҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба аввали соли ҷорӣ 11 млрд. сомониро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии қарзҳои ширкати «Барқи тоҷик» ба зиёда аз 15,1 млрд. сомонӣ (беш аз 1,6 млрд. доллар) баробар аст.
Ёдрас мекунем, ки дар изҳороти ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор дар бораи навсозии сохтори ширкати «Барқи тоҷик» қайд шуда буд, ки зиёнҳои расида ба ширкат ба мавҷуд набудани ҳисоботдиҳӣ, шаффоф набудани идоракунӣ, ҳамчунин муқаррар кардани тарифҳои пасттар аз арзиши аслӣ барои корхонаҳои бузург марбут аст.
Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи апрел ба азнавсозии сохтори ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода, дар заминаи он ду ҷамъияти саҳҳомӣ - Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста