Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Шӯрои нозирони ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” таъсис ва муқаррароту ҳайати он тасдиқ карда шавад. Қарори дахлдор дар ин бора аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 10 июли соли равон ба имзо расид.
Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо Агентии авиатсияи гражданӣ дар муҳлати як моҳ ба ҳукумат дар мавриди ба мутобиқат овардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тибқи қарори мазкур пешниҳод таҳия намоянд.
Шӯрои нозирони ҶСК “Точик Эйр” аз ҷониби муассиси Ҷамъият - ҳукумат дар ҳайати на камтар аз 13 нафар тасдиқ мешавад.
Шӯроро сарвазир ба роҳбарӣ гирифта, ба ҳайати он муовини аввали сарвазир, муовини сарвазир (масъули соҳа), муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, вазирони молия, нақлиёт, адлия, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии авиатсияи гражданӣ, директорони генералии “Тоҷик Эйр”, “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, “Тоҷикаэронавигатсия” ва дигар шахсон шомил мешаванд.
Гуфта мешавад, аъзои Шӯрои нозирон мувофиқи муқаррароти Шӯро ба фаъолияти пурсамари Ҷамъият масъул мебошанд.
Қобили зикр аст, ки аз охири солҳои 2000-ум ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба мушкилоти молӣ дучор шуд. Мутахассисони ширкат сабаби инро ба нархи баланди сӯзишвории авиатсионӣ ва вазъи ноустувори иқтисодӣ нисбат медиҳанд. Онҳо бар ин назаранд, ки аз муфлисшавии ногузир ширкатро танҳо дастгирии давлат наҷот дода метавонад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста