Қурбӣ сомонӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар мекунад, нимсолаи аввал нисбати доллар 3,8% поин рафт.
Беқурбшавии арзи миллиро нисбати асъори амрикоӣ дар Бонки миллӣ дар навбати аввал ба поинравии қурби рубли русӣ нисбати доллар нисбат медиҳанд.
Ғайр аз ин, коҳиши қурби арзи тоҷикро таҳлилгарон ба тавозуни манфии савдои хориҷӣ (беш аз 1 млрд. доллар), афзоиши фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ, болоравии хароҷоти асъори буҷети давлатӣ барои сохтмони иншооти мухими стратегӣ, ҳамчунин таъсири омилҳои мавсимӣ марбут медонанд.
Тағйири қурби сомонӣ нисбати доллар тибқи маълумоти Бонки миллӣ, моҳи апрел дар сатҳи – 0,9%, май – 1,3% ва июн – 1,6% ба қайд гирифта шудааст.
Даҳаи дуюми моҳи декабр сомонӣ нисбати доллар боз ба андозаи 2,7% беқурб шуд. Ҳамин тариқ, қурби расмии сомонӣ нисбати доллар аз оғози соли равон 6,5% поин рафт.
Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки бо дарназардошти гузариш ба низоми “ҳадафгирии таваррум”, сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” асосёфтаро амалӣ карда истодаанд.
Зикр мешавад, ки барои пешгирӣ намудани фаъолияти бозорҳои ғайрирасмии асъор аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо БМТ гурӯҳҳои доимамалкунанда ташкил шудаанд, ки фаъолияти онҳо баҳри пешгирӣ намудани анҷомдиҳии амалиётҳои ғайриқонунии асъорӣ равона шудааст.
Ҳаҷми пули нақд дар муомилот афзуд
Дар ҳамин ҳол, нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 2,3 млрд. сомонӣ аз ҷониби БМТ ба муомилот бароварда шуд, то ки «иқтисод бо пули нақд таъмин шавад».
Айни замон ҳаҷми пули нақд дар муомилот 12,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ба аввали соли ҷорӣ 5,7% бештар аст.
Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 30 июни соли равон 14,7 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо оғози сол 1,2% зиёдтар мебошад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста