Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дар робита ба корҳои таъмиру таҷдиди иқтидорҳои корхона ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро кам кард.
Тавре ба Азия-Плюс” вазири саноат ва технолгияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бодозода хабар дод, нимсолаи авали соли ҷорӣ дар ТАЛКО 54,8 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор тонна камтар мебошад.
Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии содиротии кишварро вазир ба иҷрои корҳои таъмиру таҷдид дар корхона нисбат дод.
“Корҳои таъмир асосан ба насби таҷҳизоти муосир, ки ба се баробар кам кардани хароҷоти нерӯи барқ имкон медиҳад, вобаста аст. Табиист, ки ин ба арзиши аслии яке аз маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ бетаъсир нахоҳад буд”, - гуфт Бобозода.
Вазир умедвор аст, ки корҳои таъмиру навсозӣ то охири соли равон ба итмом расида, пас аз он афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар назар аст.
Зимнан зикр гардид, ки наздики 48 ҳазор тонна алюминии истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар содирот ва беш аз 4 ҳазор тоннаи он дар дохили кишвар коркард шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста